Ба оворагардӣ машғул шудани фарзанд боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудан ва ҷазо гирифтани падар гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 26.04.2024 сол шаҳрванд А.С.Ш. барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 288 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ӯ ҳамчун падар талаботи моддаи 8 сархати 24-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд, ки ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд, дағалона вайрон намудааст, ки аз ин бемасъулиятӣ фарзандаш, ноболиғ А.Ш.С. санаи таваллудаш 20 апрели соли 2008 истифода бурда, санаи 19 апрели соли 2024 тахминан соатҳои 21-40 дақиқа дар деҳаи Дараи Ҳайрони Ҷамоати деҳоти Заршӯён ба оворагардӣ машғул шудааст. Ҳол он ки дар ин вақт фарзанд бояд ба омода намудани дарсҳо, иҷро кардани вазифаи хонагӣ машғул бошад, на ин ки дар торикиҳо ва дар бевақтии шаб ба корҳои мамнуъ ва бефоида машғул шавад. Падарон бошанд, дар ин вақт ба ҳоли худ овора гашта, як бор дар куҷо будани фарзанди худро намепурсанд, ки ин таасуфовар мебошад.
Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди огоҳӣ ва ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.
Аз як тараф сабаби содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда А.С.Ш. ҳамчун падар ин беаҳамиятӣ, бепарвогӣ ва дуруст ҳис накардани масъулият оид ба уҳдадориҳояш бошад. Аз тарафи дигар, ин аз ҷониби масъулини МТМУ ба таври бояду шояд ба роҳ намондани вохӯриҳою суҳбатҳо, ташвиқу таблиғоти қонунҳои ҷорӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо хонандагон ва волидайни онҳо ба шумор меравад.
Дар натиҷаи сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторро такрор намоянд ва шояд ноболиғон аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, дар бевақтии шабҳо даст ба корҳои мамнуъ зананд.
Бинобар ин, падару модарон, нозирони минтақавӣ ва кор бо ноболиғон, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва назорату корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.