Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 15.02.2022 сол шаҳрванд И.О.Т. барои он бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 512 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 02 феврали соли 2022 тахминан соатҳои 10-40 дақиқа бе ягон асос дар кӯчаи назди манзили истиқоматиаш аз рўи ҳиссиёти авбошӣ нисбати З.М.Н. беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо садои баланд ва алфози қабеҳ охиринро дашномҳои қабеҳи ғайриинсонӣ ва суханҳои таҳқиромез зада, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро тахминан 4-5 дақиқа халалдор намудааст.
Санксияи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз пешбинӣ намудааст.
Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки даст ба содир намудани кирдорҳои хусусияти майдаавбошидошта назананд, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсонро халалдор насозанд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.