Рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли  1991 давлати соҳибихтиёр эълон гардида, роҳ ба суи  бунёди  ҷомеаи нав гирифт.Аммо аз ҷониби  неруҳои алоҳида ба гирдоби  муноқишаҳои  сиёсию  иҷтимои  кашида шуда, нооромиҳо фазои ҷумҳуриро печида, боиси номуътадил гардонидани  фаъолияти  сиёсии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ гардид. Новобаста аз чунин мушкилиҳо тамоми саъю  талоши  худро Сардори ҷавону  бохиради кишвари тозабунёди Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон ба тадриҷан мустаҳкаму устувор гардонидани  фаъолияти  мақомотҳои давлатӣ равона кард, дар радифи дигар  мақомотҳои  давлати  мақомитӣ суди низ ҷиҳати  таъмини  адолати судӣ ва иҷтимоӣ  дар шароити нав фаъолиятӣашро ҷоннок намуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бори аввал  дар таърихи Тоҷикистон Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 ноябри соли 1994 тариқи раъйипурсии  умумихалқӣ  қабул гардида, барои таҳкиму такмили фаъолияти  босамари  ҳокимияти судӣ  ва гузаронидани ислоҳоти  судӣ оғоз  бахшид, зеро  вазифа ва мақсаду ҳадафи  асосии халқи Тоҷикистон  ҳамчун қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳони  аз қабули Конститутсия, таъмини соҳибихтиёрӣ, муқаддас донистани  ҳуқуқу  озодиҳои  инсону шаҳрванд, бунёди ҷомеаи  демокративу адолатпарвар мебошад.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки илҳомбахш ва асосгузори  бевоситаи  он Сарвари  давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бори нахуст  эълон намудани  муқаррарот  дар бораи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он, ки дар моддаи  9-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳокимияти  қонунгузор, иҷроя  ва судӣ  ҳамчун  шохаи алоҳида ва мустақил асос гузоштааст.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ,ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ  дар раванди амалигардонӣ  ва тадбиқӣ сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва роҳбарии давлат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ  заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Бо дарназардошти муҳим будани  нақши мақомоти судӣ дар бунёди ҷомеаи  демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон  Фармони президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели  соли 1997 “ Дар  бораи баъзе  тадбирҳо   оид ба таъмини    мустақиляти  ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Ҷиҳати такмили низоми  судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани  нақши ҳокимяти судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйру иловаҳо ворид гардид.

Бобати таҳкиму  рушди  ҳокимияти судӣ дар Паёми худ ба маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 апрели  соли 2006 Президенти кишвар дар бораи  зарурати гузаронидани  ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ махсус қайд намуда, 23 июни соли 2007 таҳти №271 “Барономаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардид, ки он дар такмили  қонунҳои  амалкунанда, қабули Кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ  ба монанди  коллегияҳои  маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи  коромӯз-судя амали намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва таҳкиму тақвияти ҳокимияти  суддӣ нақши назаррас дорад.

Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  аз 20 апрели  соли 2012  омадааст: “баъди қабули  Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи  мустақили  ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани  суд, давлат ҷиҳати  таҳкими  асосоҳои  он  пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.Дар ин раванд давра ба давра  тадбиқ шудани  ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи  он  такмилу  таҳким бахшидан ба сохтор  ва фаъолияти  мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани  асосҳои моддиву техникии  онҳо  ва беҳтар кардани  вазъи  ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи  ин тадбирҳо ба шумор меравад.

Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро  меҳвари фаъолияти  худ қарор дода,  тавассути қабули санадҳои одилонаву  қонунӣ, тадбиқи дурустӣ меъёрҳои  конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намоянд.

Мувофиқи моддаи  1(якум)-и Конститутсия,Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлати соҳибихтиёр, демократӣ,ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва гона мебошад, ки дар чунин давлат ҳокимияти судӣ  бояд яке аз мақомотҳои  бонуфузӣ таъминкунандаи  адолати судӣ ва иҷтимоӣ  дар ҷомеа ба шумор равад.

Ҳокимияти судӣ адолати судиро  ба амал мебарорад ва мувофиқи  моддаи 2 (дуюм)-и Қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” “ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи  амалӣ намудани  адолати судиро  надорад.”

Ба амал  баровардани  адолати  судӣ ба ҳифз намудани  ҳуқуқу озодиҳои инсон  зич алоқаманд буда, яке  аз зуҳуротиҳои  барқарор намудани адолати  иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

Яке аз равандҳои  ташакли  давлати демократӣ  ва бунёди ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ин таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад, ки Президенти  мамлакат  ба ин масъала  диққати махсус медиҳад.

Бо қонунини  Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйиру иловаҳо  дохил карда шуда,  дар Суди Олӣ, Суди  шаҳри Душанбе ва судҳои вилоятӣ, коллегияҳои  судӣ  оид ба парвандаҳои  оилавӣ  ва маъмурӣ ташкил карда шуд, ки  ба таҳкими  ҳокимиятӣ судӣ мусоидат намуд.

Қабули кодексу қонунҳои нав салоҳияти судҳоро васеъ намуда, масъулияти онҳоро баланд кард. Аз ҷумла  мувофиқи Кодекси  мурофиавии  ҷиноятӣ ваколатҳои  ба ҳабс гирифтан,кофтукови манзил, ба ҳабси хонагӣ гирифтан,ҳабси молу мулк,муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо  ба салоҳияти  судҳо вогузор  карда шуд.

Барномаи ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии  Президненти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон идома  дорад,ки ба фаъолияти  судяҳо  тақвият бахшида, мустақиляти воқеъии ҳокимияти судиро  таъмин менамояд.

Инчунин  дар Паёми  Президенти мамлакат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 23 апрели соли 2014 омадааст: “Мо  барои  ташаккули  низоми судии кишвар, баланд бардоштани  мақоми ҳокимияти суди  дар ҷомеа  ва ба самти  байналмилаи  баровардани  он то  имрӯз корҳои  назаррасеро  ба анҷом расонидем.

Ҳокимияти суди  минбаъд  низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ  идома дода шуда,барои  эъҷоди  заминаи ҳуқуқии  ин ҳадафҳо  қонунҳои заррурӣ  таҳия ва қабул карда мешаванд.Ин ҳама дастовардҳо аз шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсади рушди низоми судии  кишвар, баланд  бардоштани  сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии  ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон, манфиатҳои қонунии  ташкилоту муассисаҳо, сарфи анзар  аз шакли ташкилию  ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи  нави ислоҳоти  судиву ҳуқуқӣ таҳия шуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи бунёдкориву созандагиро тайнамуда, барои таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори тамоми минтақаҳои кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овард.Ноҳияи Сангвор низ ҳамчун як гӯшаи зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ободу пешрафта гардида истодааст. Рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон аз самараи сиёсати созандаи даврони истиқлол мебошад.         Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бошарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таҳкими ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти мақомоти судӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим ифтитоҳи бинои нави маъмурии Суди ноҳияи Сангвор мебошад, ки 25 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд. Бинои Суди ноҳияи Сангвор дар доираи  корҳои ободони ва созандагӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти судӣ сохта шудааст. Барои бунёди иншоот зиёда аз 1 миллиону 254 ҳазор сомонӣ маблағ сарфгардида, барои таҷҳизонидани он бо воситаҳои муосири корӣ бешаз 83 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Бинои нави суд аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Ҳангоми шиносоӣ бо шароити муҳайё гардида Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бакормандони мақомоти судӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Сангвор ин чунин далели равшани он аст, ки сиёсати бунёд коронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла минтақаҳои дурдастро фаро гирифтааст.

Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз иқдомҳои пайвастаи дохиливу байналмилалии Пешвои миллат дарсамти таҳкими волои ятиқонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва густариши фарҳанги сулҳ илҳом гирифта, фаъолияти худро ба татбиқи самараноки қонунгузорӣ, таъмини адолати судӣ ваҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона намудааст.

Дар партави ин сиёсати созанда мақомоти судӣ барои таҳкими истиқлоли ҳокимияти судӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон баадолати судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти судяҳо, инчунин таҳкими эътимоди ҷомеа банизоми судӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳадафи асосӣ аз ин фаъолият таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва барқарор намудани адолатӣ иҷтимоӣ  мебошад.Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мақомоти судӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муасси дошта, дарроҳи ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, таҳкими  қонуният ва рушди ҷомеаи демократӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.

Имрӯзҳо  бо шарофати дастгириҳои  Президенти мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ ташаккул  ва таҳким ёфтаистодааст,ки ин мо –судяҳоро водор месозад,ки  баҳри таъмини  волояти қонун,  ба амал  баровардани  адолати судӣ, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки мувофиқи  Конститутсия арзиши  олӣ эътироф  карда шудааст, фаъолият намоем.

 

И.в.Раиси суди н.Сангвор                   Гулзода Ш.