Риоя накардани талаботи меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 1.03.2022 сол шаҳрванд М.М. барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 192 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 8 сархати 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мутобиқи он падару модар дар тарбияи фарзанд уҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд, амал карда, таваллуди фарзандаш Б.М. санаи таваллудаш 11.05. 2020 сол-ро то ҳол аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия нагузаронидааст.
Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди огоҳӣ ва ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.
Бинобар ин, падару модаронро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва сари вақт пас аз таваллуд фарзандони худро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.