Мастӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид:
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 30.12.2022 сол шаҳрванд К.Н.Ш. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300(сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 19200(нуздаҳ ҳазору дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 29 декабри соли 2022 тахминан соати 21-30 дақиқа бар хилофи талаботи банди 2.7-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар ҳолати мастӣ дар сари чамбараки автомашинаи тамғаи «ОПЕЛ-АСТРА» рақами қайди давлатиаш 00-44АВ08 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз ҷониби нозирони БДА боздошт карда шуда, ҳолати мастиаш ошкор карда шудааст.
Қарори маскур, аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда дар муҳлати 10 шабонарӯз ба иҷро расонида шуда, ӯ маблағи 19200 сомониро ба манфиати давлат пардохт намуд.
Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки баъди нушидани машруботҳои спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарари моддию ҷисмонӣ нарасонанд.